МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогии назди МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” тасмим гирифтааст, ки шумораи навбатии маҷаллаи таълимӣ-методии «Раҳнамои омўзгор»-ро нашр намояд.

Мақолаҳои ҳайати устодон ва муҳаққиқон ба бахшҳои зерини маҷалла қабул карда мешаванд:

БАХШИ 1. Таҷдиди барномаҳои таълимӣ бо назардошти рушди илму техника, фарҳанг, иқтисодиёт, технология ва соҳаи иҷтимоӣ

БАХШИ 2.Роҳҳои баланд бардоштани сатҳ ва сифати фанҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олиикасбӣ

БАХШИ 3.Усулҳои истифодаи воситаҳои муосири техникӣ-иттилоотиитаълимӣ дар машғулиятҳо

БАХШИ 4. Саҳми омўзгор дар ташаккули донишҳои назарӣ ва амалӣ, мустақилиятнокӣ, қобилият, малака ва маҳорати касбии донишҷўён

БАХШИ 5. Ташаккули салоҳияти касбии донишҷў дар раванди таълим

БАХШИ 6. Мауммо ва дурнамои низоми кредитии таҳсилот ва низоми фосилавии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ

Талабот ба навиштани мақола тибқи талаботи маҷаллаҳои такризшаванда ба роҳ гузошта шудааст.

Мақолаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба нишонии электронии ipn.hgu@mail.ru то 25 феврали соли 2019 қабул карда мешаванд.

Мақолаҳое, ки пас аз муҳлати муқарраргардида фиристода мешаванд ё бе риояи талаботи пешниҳодшуда ирсол гардидаанд, қабул карда намешаванд. Аз муаллифон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки мақолаҳоро пас аз таҳрири ҷиддӣ ирсол намоянд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ