Мактаби сиёсии Пешвои миллат


Таҳти ин унвон санаҳои 5-7 октябри соли равон бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Забон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Донишгоҳи давлатии Данғара баргузор гардид. Дар кори конференсия олимону донишмандон ва муҳаққиқону коршиносон аз тамоми донишгоҳҳои кишвар ва давлатҳои хориҷа иштирок намуда, дар мавзӯҳои Мактаби давлатдории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, нақш ва мақоми созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат дар рушду нумӯи Тоҷикистони дар давоми 30 соли истиқлолият маърӯза ироа намуданд. Дар конференсияи мазкур устоди кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Аҳрорҷон Убайдуллоев дар мавзӯи "Нақш ва мақоми асари мондагори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон "Забони миллат- ҳастии миллат" дар ташаккули маърифати зеҳнии донишҷӯён", оиди мақому манзалат ва арзиши илмию таърихӣ ва тарбиявию ахлоқии ин асари безавол бо далелҳои раднопазир муфассал баромад намуд. Конференсия дар сатҳи баланд ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ