​Мақом ва манзалати забони чинӣ дар шимоли Тоҷикистон

Дар факултети забонҳои шарқ маҳфили “Мақом ва манзалати забони чинӣ дар шимоли Тоҷикистон” баргузор гардид. Маҳфил ба мавзӯи ғолибият дар озмуни байналхалқии “Пули забони чинӣ” бахшида шуд.

Дар маҳфил директори Институти Конфутсий Рен Ген Тян, муаллимаи кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ Янг Десия, ноибректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба корҳои байналхалқӣ дотсент Давлатзода Рухсора иштирок намуданд.

Дар доираи маҳфил ғолиби ин озмун Нарзуллоева Мӯнис, ки дар курси чоруми факултети забонҳои шарқ таҳсил мекунад, суханронӣ намуд. Номбурда доир ба тартиби иштирок дар озмун сухан ронда, аз ҳиссиёту бардошти хеш ҷиҳати ғолибият дар он сухан намуд.

Хотиррасон менамоем, ки Нарзуллоева Мунис аз рӯйи ихтисоси забонҳои муосири хориҷӣ (хитойӣ-англисӣ) таҳсил намуда, чанде қабл дар озмуни байналмилалии «Пули забони чинӣ» бо иштироки сардафтари институти Конфутсий дар шаҳри Пекин баргузор гардид, ғолиб дониста шуд.

Озмуни мазкур давоми як моҳ идома ёфта, дар он 70 ҳазор нафар иштирокчиён аз 101 давлати дунё иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Озмуни байналмилалии «Пули забони чинӣ» ҳар сол аз тарафи Институти Конфутсий дар зиёда аз 100 мамлакати дунё гузаронида мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ