​Маркази иттилоот ва таҳлил: Оғози маҳфили “Нерӯи сухан”

Санаи 21-уми декабри соли равон дар толори хурди раёсати донишгоҳ маҳфили нахустини “Нерӯи сухан” бо ҷалби донишҷӯёни навқаламу эҷодкори 17 факултетҳои донишгоҳ ва омӯзгорони ҷавони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ба фаъолияти худ оғоз намуд.

Сараввал, сардори маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ номзади илмҳои фалсафа, дотсент Фаридун Ҳодибоев маҳфилро оғоз бахшида, зикр намуд, ки маҳфил дар асоси қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 31 октябри соли 2018 таҳти №3 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбии донишҷӯён, омода намудани ҷавонони эҷодкор, пурра ва ғанӣ намудани фазои иттилоотии донишгоҳ, ҷалб намудани таваҷҷуҳи донишҷӯён ба масоили мубрами сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, ифода намудани нуқтаи назари хеш оид ба воқеоти дохил ва хориҷи кишвар, беҳдошти фаъолият ва сифати нашри сомона ва рӯзномаи донишгоҳ “Нури маърифат”, студияи телевизионии таълимии “Фурӯғ”, радио ва беҳтар намудани вазъи нашри иттилоот дар донишгоҳ ташкил карда шудааст.

Роҳбари маҳфил тибқи қарори Шӯрои олимони донишгоҳ Директори Китобхонаи марказии донишгоҳ, дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултети филологияи тоҷик Дилбар Самадова таъин карда шудааст.

Тибқи низомнома аъзоёни маҳфил дар ду ҳафта як маротиба ба омӯзиш фаро гирифта шуда, минбаъд хабару навидҳои факултету кафедраҳо аз ҷониби аъзоён таҳия ва ба маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ пешниҳод карда шуда, дар воситаҳои ахбори умум инъикос гардонида мешаванд.

Сипас, аз ҷониби сармутахассиси Маркази иттилоот ва таҳлил Шодмон Нураматов мақсад, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва вазифаҳои марказ ба аъзоёни маҳфил тариқи муаррифӣ (презентатсия) фаҳмонида шуд.

Дар ҷамъбаст роҳбари маҳфил, дотсент Дилбар Самадова ба сухан баромада, аз ҳар як аъзоёни маҳфил таҳияи хабару мақолаҳо ва гузоришҳои фаврию пурмазмунро талаб намуд. Зеро МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дорои 17 факултетҳо ва 5 кафедраҳои умумидонишгоҳӣ буда, аз ҷониби онҳо ҳар ҳафта чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ, таълимӣ, илмӣ, тарбиявию ахлоқӣ ва амсоли инҳо мунтазам гузаронида мешаванд, ки вазифаи мо тарғибу ташвиқи дастовардҳои донишгоҳ мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ