​Махфили илмии "Сиёсатшиноси ҷавон"

Нишасти навбатии маҳфили илмии “Сиёсатшиноси ҷавон”, ки бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ амал мекунад, ба мавзӯи “Осори Пешвои миллат ва ахамияти омӯзиши он” бахшида шуд.

Рохбари маҳфил, номзади илмҳои сиёсй, сармуаллим Холдоров Ойбек перомуни мавзӯи маҳфил ибрози назар намуда, аз аҳамият ва ҷойгоҳи осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими маърифати ҷомеа таъкид дошт.

Ҳамзамон, аз тарафи устодони кафедра як қатор маърузахо шунида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ