Магистранти Донишгоҳ ғолиби озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”
Аз санаи 25 сентябр то санаи 5 октябри соли 2023 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуд.
Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” аз рӯйи номинаи дизайни мӯд ва бофандагӣ магистранти курси 2-юми факултети санъати тасвирӣ ва дизайни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Ниёзова Матлуба бо раҳбарии дотсент Ҷӯраева Хайриҷон сазовори мақоми аввал гардид. Ин дастовард дар арафаи таҷлили Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ туҳфаи арзишманд барои ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ маҳсуб меёбад.
Ёдовар мешавем, ки барои муваффақ гардидани Матлуба Ниёзова саҳми устодони соҳибкасби ӯ басо назаррас мебошанд. Хосатан роҳбари ӯ дотсент Хайриҷон Ҷӯраева шогирдашро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҷиҳати таҳкими маҳорати дизайни мӯд ва бофандагӣсаҳми арзанда гузоштааст.
Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Матлуба Ниёзоваро барои ғолиб омадан дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” табрик гуфта, барояш комёбӣ ва дастовардҳои тозаро таманно доранд.
Маркази иттилоот ва таҳлил