​Маҳфили “Ошёни Камол”

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология бо иштироки олимону адибони номвари тоҷик маҳфили “Ошёни Камол” бахшида ба рӯзгор ва осори шайх Камоли Хуҷандӣ баргузор шуд. Дар даромадгоҳи факултет меҳмонон аз намоиши китобҳо ва дастранҷи устодону донишҷӯён ошно гардида, дар ин асно сарояндаи мумтоз Ҳусейнҷон Юсупов ғазалеро аз ашъори шоир бо оҳанги тоза ба иҷро расонид. Сипас, дар толори арт-галереяи “Монӣ”,ки дар он ҷо дастранҷи рассомони ботаҷриба ва ҷавон ба намоиш гузошта шудааст маҳфил оғоз ёфт. Абиётшинос Саидумрон Саидов ба кори маҳфил оғоз бахшида, ҳадафи барномаро дар тарғиби бештари ашъори шоир ва маърифати осораш арзёбӣ намуд.

Дар идома олимону адибони номвар Ҷамшед Ҷӯразода, Аҳмадҷон Раҳматзод, Ҷӯрабек Исомаддинов, Содирхон Умаров, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, Баҳром Раҳматзод. Шарифҷон Тоҷибоев, Фахриддин Насриддинов, Субҳони Аъзамзод, Умеда Ғаффорова, Ғафурҷон Ҷӯраев ва дигарон оид ба паҳлӯҳои мухталифи рӯзгор ва осори Шайх Камоли Хҷандӣ табодули назар намуда, пешниҳодҳои мушаххаси худро доир ба вазифаҳои минбаъдаи камолшиносӣ баён карданд. Дар фарҷом устодони ҳунар Ҷӯрабек Набиев ва Ҳусейнҷон Юсупов аз ашъори Камоли Хуҷандӣ таронаҳои дилнавоз иҷро намуда, ба маҳфил шукуҳи тоза бахшиданд.

.



Маркази иттилоот ватаҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ