​Маҳфили "Омӯзгор"

Дар толори факултети филологияи тоҷик ҳамоиши навбатии маҳфили «Омӯзгор», ки дар назди кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик амал мекунад, баргузор гардид.

Дар кори маҳфил устодони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти точик ва донишчуён-аъзои маҳфил ширкат намуданд. Маҳфилро сармуаллимаи кафедраи мазкур Раҳимова Манзура ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо мавзӯи баррасишавандаи маҳфил шинос намуд.

Мутобик ба накшаи кории маҳфил доир ба мавзӯи «Роҳҳои таълими салоҳиятноки феъли хол дар синфи 6-ум» донишҷӯи соли сеюм маърӯза намуд.

Сипас, аҳли маҳфил бо пешниҳоду андешаҳои худ ҷиҳати мукаммалу пурқувват намудани пояи илмиву методии мавзӯи мазкур мусоидат намуданд.

Дар фарҷом мудири кафедра дотсент Ҳакимова Шоира баромад намуда, фикру андешаи хешро доир ба муваффакияту норасоиҳои маърӯза баён намуд.

Ҳадаф аз баргузории маҳфили мазкур баланд бардоштани маҳорату малакаи омӯзгорони ояндаи ҷавон ва савияи дониш хеле муҳим мебошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ