​Маҳфили навбатии “Ганҷи сухан” дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гашт

Нишасти 214-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар толори филиали Донишкадаи технологияи иттилоотӣ дар шаҳри Нурафшони вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо дастгирии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, Раиси вилояти Тошканд Зоҳир Мирзоев баргузор гардид. Дувоздаҳ нафар адибу муҳаққиқро аз вилояти Суғд дар даромадгоҳи Донишкадаи технологияи иттилоотӣ дар шаҳри Нурафшони вилояти Тошканд роҳбарият, устодон ва донишҷӯён хуш истиқбол намуданд. Сипас дар пазироии хосаи роҳбарияти Донишкада миёни меҳмонону мизбонон суҳбати гарме сурат гирифт. Зимнан Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон академик Абдуҷаббор Раҳмонзода аз дӯстиву рафоқати халқи тоҷику ӯзбек,ки дар саргаҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами милати тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев сухан кард. Мавсуф иброз дошт, ки ҳамкориҳои пурсамари дуҷонибаи вилояти Суғду Тошканд шоистаи таҳсин аст ва сафари донишмандону адибони тоҷикро самараи дӯстии ду ҷониб арзёбӣ намуд. Роҳбарияти Донишкада изҳор доштанд, ки баргузории маҳфили “Ганҷи сухан” бо иштироки олимону адибони ду кишвар риштаи дӯстии ду миллати соҳибфарҳангу соҳибадабиётро қавитар хоҳад кард.

Сипас дар толори донишкада нишасти навбатии маҳфил, ки ба як маънӣ маҳфили дӯстиву рафоқатро мемонд оғоз шуд. Дар қисмати суханрониҳо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳукумати вилояти Тошканд, ректори донишкадаи технологияи иттилоотӣ, роҳбари маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар Ӯзбекистон, роҳбари маҳфили “Ганҷи сухан” суханронӣ намуданд.

Баъдан роҳбари маҳфил Саидумрон Саидов салому паёми роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарияти Донишгоҳи давлтии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аҳли зиёро ба ҳозирин расонид ва ҳамсафаронро ба аҳли нишаст муаррифӣ кард. Дар идома оид ба муҳтавои якчанд китобҳои тозанашр сухан кард ва силсилаи китобҳоро ба ҳукумати вилояти Тошканд, роҳбарияти донишкада ва марказҳои фарҳангиву илмии тоҷикони Ӯзбекистон тақдим сохт.

Доктори илмҳои филология, профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Матлубаи Мирзоюнус дар мавзуи “Рушди адабиётшиносии тоҷик дар Ӯзбекистон” маърӯзаи илмӣ ироа кард ва аз хидматҳои шоистаи донишмандони Ӯзбекистон дар рушди адабиётшиносии тоҷик ибрози назар кард. Ӯ аз фаъолияти пурсамари марказҳои илмӣ ва донишкадаву донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин самт ёдовар шуд ва гуфт, ки дар шароити мусоиди имрӯз,ки ҳамкориҳои илмиву адабӣ ва фарҳангии ду кишвар рушд намуда истодааст адабиётшиносии тоҷик низ дар Ӯзбекистон ривоҷи тоза хоҳад ёфт.

Шоир ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик Абдуҷаббори Суруш дар баромади худ аз меҳру муҳббат ва давлати дидори дӯстон ёдовар шуд. Дар мавзуи “Ишқ ва садоқати инсонӣ” сӯҳбати ширине биорост ва бо чанд шеъри дилписандаш хотири ҳозиринро шод кард.

Муҳаққиқ ва адиби мумтоз Баҳром Раҳматзод бо суҳбати дилнишин ва шеърҳои тозаэҷодаш мавриди таҳсини аҳли нишаст қарор гирифт. Адибон тоҷикзабони Ӯзбекистон Абдулло Субҳон, Паймон, Ҳусейнҷон аз ашъори тозаи худ шеърҳо қироат намуданд.

Дар қисми фарҳангии маҳфил сарояндаи хушадои тоҷик Сардобек Солеҳов бо сурудҳояш ба забони тоҷикиву ӯзбекӣ ва сароянда аз Ӯзбекистон Фармон Ҳофиз хотири ҳозиринро шод намуданд. Дар интиҳо ҳадяҳои хотиравӣ аз ду ҷониб супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ