​Маҳфили “Меҳанпараст”

Дар факултети забонҳои шарқ бо ташаббуси кафедраи грамматикаи забони арабӣ маҳфили “Меҳанпараст” доир шуд.

Маҳфили мазкур таҳти унвони “Нест бод хушунат” бахшида ба маъракаи умумиҷаҳонии “16-рӯзи мубориза алайҳи хушунат нисбат ба занон” ба роҳ монда шуд.

Дар чорабинии мазкур донишҷӯёни гурӯҳҳои 101-102 бо сарпарастии куратори гурӯҳ Додохӯҷаева Парвинахон иштирок ва баромад намуданд.

Дар идома аз ҷониби равоншинос Раҳимова Муҳаррам дар мавзуи “Хушунат нисбат ба занон” маърӯза шунида шуд.

Ҳадаф аз ин ташаббус таҳкими саводи ҳуқуқии донишҷӯён ва пешгирӣ аз хушунат унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ