​Маҳфили “Меҳанпараст”: Парчам – рамзи давлатдорӣ

Дар факултети забонҳои шарқ маҳфили навбатии “Меҳанпараст” таҳти унвони “Парчам – рамзи давлатдорӣ” доир гардид. Ин иқдом аз ҷониби кафедраи грамматикаи забони арабӣ бо иштироки устодону омўзгорон ва донишҷӯёни факултет баргузор шуд.

Дар доираи маҳфил донишҷӯён дар бораи таърихи парчам маърӯзаҳо ироа намуда, бо забони гуногун шеърҳо қироат карданд.

Сурудҳои пурмазмун дар иҷрои донишҷӯён ба кори маҳфил мазмуни бештар бахшид.

Чунин чорабиниҳо дар дигар факултетҳои донишгоҳ низ идома доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ