​Маҳфили “Кишваршиносӣ”: “Хусусиятҳои маданияти Амрико”

Дар факултети забонҳои шарқ аз ҷониби кафедраи забони англисӣ маҳфили доимоамалкунандаи “Кишваршиносӣ” баргузор гардид. Мавзуи маҳфил “Хусусиятҳои маданияти Амрико” буд.

Дар маҳфил муовини декан оид ба таълим дотсент Сиддиқова Мадинахон, устодон ва донишҷӯёни кафедра иштирок намуданд.

Сармуаллима Ризоева Парвина роҷеъ ба идҳо ва маросимҳои Иёлоти Мутаҳҳидаи Амрико маълумот дода, инчунин донишҷӯёнро бо сомонаҳои муфид, аз қабили ewb.tj, americanenglish.state.gov ва шабакаи омӯзгорони забони англисӣ “Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо” шинос намуд.

Дар идома донишҷӯи бахши арабӣ-англисӣ Қосимова Азиза доир ба хусусияту вижагиҳои фарҳанги Амрико дар қиёс бо фарҳанги Тоҷикистон маърузаи худро ироа намуд.

Дотсент Сиддиқова Мадинахон ба донишҷӯён дар бораи қоидаҳои иштирок дар барномаҳои табодулие, ки аз ҷониби Сафоратхонаи ИМА маблағгузорӣ мешаванд, иттилоъ дода, таассуроти худро аз сафарҳояш ба шаҳрҳои гуногуни Амрико зикр намуд.

Бо табодули афкор миёни иштирокчиён маҳфил анҷом ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ