​Маҳфили илмиву-методии “Ал-Ҷабр”

Нишасти навбатии маҳфили илмиву-методии донишҷӯён, ки таҳти унвони “Ал-Ҷабр” дар назди кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи иттилоотӣ амал мекунад, доир гардид.

Маҳфили навбатӣ ба мавзӯи «Омӯзиши ҳалли масъалаҳои матнӣ оид ба қоидаҳои сегонаи мураккаб» бахшида шуд.

Дар доираи ин ташаббус аз ҷониби донишҷӯён як қатор маърӯзаҳо шунида шуд. Аз ҷумла, донишҷӯ Раҳмонова Мақсадхон дар баромади худ оид ба қоидаҳои сегонаи мураккаб дар замонҳои қадим барои ҳалли бисёр навъҳои масъалаҳо, қоидаҳои махсуси ҳалли онҳо маълумот дод.

Инчунин, оид ба ҳалли масъалаҳое, ки қоидаи таносубро вайрон мекунанд, якчанд мисолҳо зикр шуд.

Оид ба ҳалли муодилаҳои тригонометрии сода, ҳолатҳои хусусии ҳалли муодилаҳои тригонометрӣ донишҷӯ Шоҳюсупов Фирдавс маълумот дод.

Номбурда оид ба ҳалли муодилаҳои тригонометрӣ бо тарзҳои гуногун якчанд мисолҳо овард.

Ҳамзамон, донишҷӯи ихтисоси математикаи амалӣ Раҳмоновадар мавзӯи «Тартиб додани масъалаҳои таълимӣ оид ба омӯзиши муодилаҳои тригонометрии содатарин» маърӯза намуд.

Хотиррасон менамоем, ки маҳфили илмиву-методии”Ал-Ҷабр” бо ҷалби23 нафар донишҷӯён амал намуда, ҳар моҳ як маротиба гузаронида мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ