Маҳфили илмиву адабӣ ва фарҳангии “Ганҷинаи Мавлоно”
Дирӯз дар толори факултети филологияи тоҷики Донишгоҳ маҳфили илмиву адабӣ ва фарҳангии “Ганҷинаи Мавлоно” бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки адибону олимон ва донишҷӯён баргузор гардид. Адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саидумрон Саидов дар ин нишасти хос академик Носирҷон Салимиро хайрамақдам гуфта, сӯҳбати дилнишине перомуни зиндагинома ва фаъолияти доманадору пурвусъати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ анҷом дод. Зимни суолу ҷавоб академик Носирҷон Салимӣ дар бораи ҷаҳонбиниву афкори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, маърифати ирфон ва фалсафаи суханвар, шуҳрати ҷаҳонии шоир, нақши Мавлоно ва осори ӯ ба тамаддуни олам, усулҳои шинохт, маърифати маъниву мазмунҳои осори шоир ва монанди инҳо сӯҳбати пурмуҳтаво анҷом дод. Инчунин, силсилаи абёту матлабҳои шоирро тавзеҳу ташреҳ дода, аз дарёи беканори ашъораш намунаҳо қироат кард. Носирҷон Салимӣ усулҳои омӯзиш ва шинохти Мавлоноро, ки худ ба кор бурдааст барои донишҷӯён баён кард ва гуфт, ки Мавлоно ва афкори нотакрори ӯ барои инсонҳои имрӯз, дар худшиносиву раҳоӣ аз роҳи нодуруст раҳнамои хубе хоҳад буд. Ба қавле гирифтор будан ба осори Мавлоно инсонро аз гирифториҳои маҷозии дунё наҷот медиҳад. Маҳфили мазкур бо суруду қироати донишҷӯён аз осори Ҷалолиддини Балхӣ ҳусни анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил