​Маҳфили илмии «Омӯзгорони ҷавон»

Дар назди кафедраи методика ва технологияи иттилоотӣ маҳфили илмии «Омӯзгорони ҷавон» доир гардид.

Дар доираи ин ташаббус як қатор донишҷӯёни ихтисоси математика ва математикаи амалӣ маърӯзаҳо ироа карданд.

Аз ҷумла, донишҷӯ Фозилов Умедҷон дар мавзуи “Адади Грэм” ва Саидова Фируза дар мавзуи “Баъзе тарзҳои ҳалли муодилаҳои ирратсионалӣ” баромад намуданд.

Дар маърӯзаҳо оид ба адади Грэм ва татбиқи он, тарзҳои ҳалли муодилаҳои ирратсионалӣ, хосиятҳои асосӣ ва соҳаи муайянии функсияҳои ирратсионалӣ маълумот дода шуд.

Ҳамзамон, тарзи гузориш ва тарзи графикӣ, ҳалли муодилаҳои ирратсионалӣ нишон дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ