​Маҳфили илмии намунавӣ

Бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти руси факултети филологияи рус маҳфили илмии намунавӣ баргузор гардид.

Ин ташаббус ба муносибати 90-солагии таъсисёбии донишгоҳ ва эълон гардидани Соли 2023 соли забони русӣ ба роҳ монда шуд.

Дар ҷаласаи маҳфил декани факултет дотсент Шаропова Рано, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус дотсент Камолова Муаззам, муовини декан оид ба илм ва инноватсия Бадалова Саида ва сармуаллимаи кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус Шарипова Нилуфар ҳузур доштанд.

Маҳфили илмии намунавиро роҳбари маҳфил муаллима Ғаффорова Нисо ифтитоҳ бахшида, дар мавзуи “ Знание языков –дверь к мудрости” маърӯза намуд.

Дар идомаи маҳфил оид ба тафсири 400 вожаи луғат бо се забон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ