​Маҳфили илмии магистрантони факултети забонҳои хориҷӣ


Дар факултети забонҳои хориҷӣ бо иштироки ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом маҳфили илмии магистранто баргузор гашт.

Нахуст декани факултет профессор Меҳриниссо Абдуллоева суханронӣ намуда, доир ба фаъолияти магистрантон маълумот ироа намуд. Баргузории маҳфили илмии магистрантон дар пешбурди корҳои илмии онҳо муфид арзёбӣ гардид.

Гуфта шуд, ки маърӯза ва гузоришҳои маҳфил ба бо забони илмӣ зери назари роҳбарон таҳия ва таҳрир гарданд, то ки дар оянда ҳамчун раҳнамо ва ё дастури илмӣ-методӣ ба магистрантон ва унвонҷӯён пешниҳод карда шавад.

Ҳамчунин дар маҳфил асарҳои тозанашри соҳавӣ муаррифӣ гардида, ба аҳли нишаст муҳтавои он шарҳ дода шуд.

Дар идома дотсент Масъуда Икрамова дар мавзуи “Таҳия ва навиштани мақолаҳои илмӣ барои маҷаллаҳои тақризшаванда”, магистрантони курси ду дар мавзуъҳои “Таҳлили қиёсии шаклҳои ғайритасрифии феъл дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ”, “Ташаккули салоҳияти касбии омӯзгорони ояндаи забони англисӣ”, “Майдони функсионалӣ-семантикии модалият дар забони англисӣ” ва “Калимасозии аффиксӣ дар асоси антропонимҳои забони англисӣ” маърӯза ироа намуданд.

Дар маърӯзаҳо масъалаҳои муҳим мавриди баррасии густарда қарор гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ