​Маҳфили илмии “English Speaking Club”

Бо иқдоми кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ нишасти навбатии маҳфили илмии “English Speaking Club” баргузор шуд.

Дар маҳфил донишҷӯён аз як қатор факултетҳои донишгоҳ, аз ҷумла таърих ва ҳуқуқ, психология ва таҳсилоти томактабӣ, математика, таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, геоэкология, санъат ва технология иштирок намуданд.

Дар доираи кори маҳфил се маърӯза дар мавзуъҳои “The history of the first Tajik state”, “Importance of English in the modern world”, “The famous people of Tajikistan” шунида шуд.

Хотиррасон менамоем, ки маҳфил дар се моҳ як маротиба гузаронида мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ