​Маҳфили илмии донишҷӯён баргузор гардид

Дар кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи информатсионӣ маҳфили илмиву-методии донишҷӯёнзери унвони “Ал-Ҷабр” амал намуда, моҳе як маротиба ташкилу баргузор мегардад.

Маҳфили навбатии “Ал-Ҷабр” доир гардид, ки дар он гирандаи ҷои сеюм дар озмуни “Илм- фурӯғи маърифат”, донишҷӯ Умедҷон Фозилов перомуни ҳалли баъзе аз мисолу масъалаҳои озмуни ҷумҳуриявии “Илм- фурӯғи маърифат” маълумот дода, ҳамзамон оид ба ҳалли масъалаҳои олимпиадавӣ якчанд мисолҳоро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дод.

Дар идома донишҷӯ Мадина Раупова оид ба усулҳои коркарди тестҳо дар замимаиGoogleForms маълумот дода, намунаи тартиб додани тестҳо дарзамимаиGoogleForms-ро ба иштирокчиён фаҳмонид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли хониши 2022-2023 14 маърӯза дар мавзуҳои муҳими илмӣ ба нақша гирфита шудааст, ки дар нимсолаи якуми 5 маърӯза шунида шуд. Ҳадафи ташкилу баргузории маҳфил, баланд бардоштани маърифати илмии донишҷӯён, омода намудани мутахассисони оядаи фанҳои математика ва технологияи иттилоотӣ унвон шуд. Гуфта шуд, ки мавзуҳои интихобгардидаро аъзоёни маҳфил барои корҳои курсӣ ва рисолаи хатми донишҷӯён ба таври васеъ истифода бурда метавонанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ