Маҳфили илмии беҳтарини сол– 2024
Озмуни умумидонишгоҳии “Маҳфили беҳтарини сол– 2024” дар самти илм ва инноватсия муайян шуданд.
Дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ маҳфили илмии “Русское слово”-и кафедраи назария ва методикаи таълими забони тоҷикии факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус ва маҳфили илмии “Адолат ва ҳуқуқ”-и кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқ ҷойи сеюмро сазовор гардиданд. Маҳфили илмии “Нигоҳи бобарор”-и кафедраи педагогика ва психологияи томактабии факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ барои гирифтани ҷойи дуюм ва маҳфили илмии “ФУРӮҒ”-и кафедраи адабиёти муосири тоҷики факултети филологияи тоҷик барои гирифтани ҷойи аввал лоиқ дониста шуда, бо диплом сарфароз гардонида шуданд.
Дар бахши илмҳои дақиқ ҷойи сеюм – маҳфили илмии “Математикони ҷавон”-и кафедраи табиӣ риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, ҷойи дуюм–маҳфили илмии “Биолог”-и кафедраи биология ва методикаи таълими факултети биология ва химия ва ҷойи аввал –маҳфили илмии “Рассомӣ”-и кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии факултети санъати тасвирӣ ва дизайн сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, маҳфили илмии «Ганљи сухан» дар байни маҳфилҳои намунавии умумидонишгоҳӣ «Маҳфили беҳтарини сол-2024» дониста шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил