Маҳфили илмӣ-сиёсӣ: “Конститутсия – бахтномаи миллат”
Бо иқдоми кафедраи филологияи арабмаҳфилиилмӣ- сиёсӣва тарбиявӣ таҳти унвони “Конститутсия – бахтномаи миллат” ба истиқболи 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани дониши сиёсии донишҷӯён, тарбияи ҷавонон дар руҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - иҷрочии суди дараҷаи 2 Нуруллозода Акмал ва иҷрочии суди дараҷаи 3 Бобоназаров Лоиқ маҳфил баргузор гардиданд.
Дар доираи маҳфил аз ҷониби меҳмонон маърӯзаҳоироа гардида, нақши Конститутсия дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд баррасӣ гардид.
Аз ҷониби донишҷӯён саҳнаҳои тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуд.
Монологи адабӣ таҳти унвони “Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ эҳтиром ба Ватан аст!” ва иҷрои суруд ба маҳфил мазмуни бештар бахшид.
Дар фарҷом декани факултет Эҳсонзода Малоҳатхон иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил