Маҳфили илмӣ – адабии «Поэтический мир Маршака»

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус бо ташаббуси кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ маҳфили навбатии«Русское слово» баргузор гардид, ки ба зиндагиномаву эҷодиёти шоири бачагонаи русС.Я.Маршак бахшида шуда буд.

Барномаи маҳфил аз 9 банд иборат буда, бо сухани ифтитоҳии декани факултет дотсент Даврон Усмонов оғоз гардид.

Сипас, донишҷўи курси чоруми ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ Навбаҳор Шодиева бо истифода аз тахтаи электронӣ оид ба ҳаёту фаъолияти шоир маълумоти муфассал дод.

Қироати шеър, саҳнача (аз рўи афсонаи «Глупый мышёнок»), саволу ҷавоб, суруди умумӣ (Маленкая страна), тамошои филми тасвирӣидомабахши маҳфил буд.

Гуфта шуд, ки барои кӯдакон хондани асарҳои бадеиву тамошои филмҳои тасвирӣ дунёи рангину афсонаи аҷиб буда, хусусияти фаромӯшнашавандагӣ доранду барои зиндагии хушбахтона асос мегузоранд.Афсона одоби муошират, эҳтироми калонсолон, дўстиву рафоқат, дарки некиву бадӣ, қаҳрамониву ҷасуриро меомӯзонад.

Дар интиҳо, декани факултет дотсент Даврон Усмонов баромад намуда, таъкид дошт, ки минбаъд аъзоёни маҳфил аз ҳисоби донишҷўён зиёд карда шаванд, мавзўҳои баррасишаванда барои донишҷўён қаблан дарстрас карда шуда, ҳангоми баҳс тамошобинон низ ширкат варзанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ