​Маҳфили илмӣ-адабии “Мусташриқ”

Нишасти навбатии маҳфили илмӣ-адабии “Мусташриқ”, ки дар назди кафедраи грамматикаи забони арабӣ амал мекунад, ин дафъа дар доираи ҳафтаи илм доир шуд. Дар маҳфил донишҷӯёни курсҳои дуюм ва панҷум иштирок намуданд.

Декани факултет Ислом Раҳимов зимни ифтитоҳи маҳфил доир ба аҳамияти чунин ташаббусҳо ва иштироки донишҷӯён дар он сухан намуда, ҷавононро ба омӯзиши бештари илму дониш даъват намуд.

Дар доираи кори маҳфил аз ҷониби донишҷӯён се маърӯза дар мавзуъҳои “Феълҳои нодуруст дар забони арабӣ, англисӣ ва тоҷикӣ”, “Ҷумлаҳои содда дар забони арабӣ ва тоҷикӣ” ва “Рисолаи “Футуватия”-и Мирсаид Алии Ҳамадонӣ” шунида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ