​Маҳфили “Химикони ҷавон”


Нишасти навбатии маҳфили “Химикони ҷавон”– и кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими они факултети биология ва химия баргузор гардид. Дар он муовини декан оид ба илм ва инноватсия Алимова, устодони кафедра ва аъзоёни маҳфил иштирок намуданд.

Роҳбари маҳфил муаллими кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими он Умаров маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо нақшаи маҳфил шинос кард. Дар доираи маҳфил маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа гардид. Аз ҷумла, дар мавзӯи “Методикаи омӯзонидани реаксияи оксиду барқароршавӣ” аз ҷониби донишҷӯи курси дуюми ихтисоси химия Салимов Шамсиддин ва перомуни “Методикаи омӯзонидани қонун ва системаи даврӣ” аз тарафи донишҷӯи курси чоруми ихтисоси химия Саттарова Умеда маърӯзаҳо шунида шуд.

Ҳамзамон, миёни донишҷӯён суолу ҷавоб сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ