​Маҳфили “Фурӯғ” аз донишномаҳои адабӣ ёд кард

Тайи чандсоли охир таҳти роҳбарии олими маъруфи адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус дар назди кафедраи адабиёти муосири факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили илмии “Фурӯғ” амал мекунад.

Дирӯз бо иштироки профессор Матлубаи Мирзоюнус, декани факултети профессор Замирахон Ӯлмасзода, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик, дотсент Мутрибахон Мавлоновал, ҳамзамон муҳаққиқони ҷавон, унвонҷӯён, магистрантон, донишҷӯён маҳфили навбатии “Фурӯғ” доир гардид.

Ба кори маҳфил профессор Матлубаи Мирзоюнус ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид доштанд, ки натиҷаи баргузории ҳамин маҳфил аст, ки дар дарозои беш аз 20 сол садҳо дастовард, китоб ва рӯйдодҳои илмии давр дар он муаррифӣ гардида, унвонҷӯёну муҳаққиқони ҷавон гузоришҳои илмӣ ироа намуда, ба ҳамин васила дар роҳи илм ба пешрафту комёбӣ расидаанд. Таъкид рафт, ки чандин аъзои маҳфил рисолаҳои илмӣ дифоъ карда, сазовори унвони номзади илм ва ҳамзамон докторӣ гардиданд.

Роҷеъ ба рӯйдодҳои тозаи илмӣ ва китобу маҷаллаҳои нав магистранти факултет Муқимҷон Алишехов гузориш ироаи намуд.

Дотсент Субҳон Аъзамзод дар мавзуи “Донишномаҳо дар адабиёт” маърузаи илмӣ пурмуҳтаво ироа намуд. Мавсуф дар баромади худ перомуни бо такя ба иттилооти навини донишноманигорӣ падидаи донишноманависиро муаррифӣ намуд. Ба гузориши ӯ дар замони имрӯз истилоҳи “Донишнома” чун муродифи “энсиклопедия”, “доиратулмаориф”, “қомус” маъруф гардида ва ин навъ асарҳо аз муҳимтарин сарчашмаҳои иттилоърасонӣ дар ҳар шохаи тафаккури илмӣ шинохта шудаанд.

Дар хотима мавзуи баррасишуда мавриди муҳокимаи аъзоёни маҳфил қарор гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ