​Маҳфили “Фарҳанги оиладорӣ”: мубориза бо хушунат

Ҷаласаи навбатии маҳфили “Фарҳанги оиладорӣ” ба маъракаи 16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат ва зӯроварӣ бахшида шуд. Дар маҳфил мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Қаҳҳорӣ Муяссара, корманди Шӯрои вилоятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Миркамолов Маҳкам, сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и вилояти СуғдРизозода Равшан, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Толибзода Мухтор иштирок намуданд.

Дар доираи маҳфил масоили марбут ба пешгирии хушунат дар оила, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои оилавӣ, мубориза бо пайомадҳои зӯроварӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯён шеъру таронаҳо қироат ёфта, миёни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ