​Маҳфили донишгоҳии “Чашми ҷон”: “Қадри илм ва олим”

Дар факултети забонҳои шарқ ҳафтаи илм оғоз ёфт. Ба ин муносибат силсилаи чорабиниҳо ба нақша гирифта шуда, ташаббусҳо аз ҷониби кафедраҳои факултет идома доранд.

Аз ҷумла, дар доираи маҳфили донишгоҳии “Чашми ҷон” дар мавзуи “Қадри илм ва олим” тренинг баргузор шуд.

Пеш аз оғози тренинг дар толори факултет намоиши китобҳои устодони кафедра сурат гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки роҳбари маҳфил доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ Низомиддин Муродӣ дар қисмати аввали маҳфил бо донишҷӯён суолу ҷавоб доир намуд.

Дар идома перомуни мавзуи маҳфил маърӯзаву андешаҳои ҷолиб шунида шуданд.

Ҳадаф аз ин ташаббус баланд бардоштани маърифати донишҷӯён, таҳким бахшидани иқтидори илмии факултет, замина гузоштан ба сатҳи дигари рушди корҳои илмӣ унвон мешавад.

Фаъолон бо китоб қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ