​Маҳфили байнидонишгоҳии «Робототехника»

Дирӯз, 29-юми ноябри соли 2023 дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" нахустин маҳфили байнидонишгоҳии "Робототехника" бо иштироки устодон ва донишҷӯёни ихтироъкор ва навовари Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҳфил декани факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дотсент Нуриллозода Х.Р., мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДҲБСТ, дотсент Исмоилов Ш.М., дотсенти кафедраи технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДҲБСТ, дотсент Хуҷамкулов Р. , муовини декан оид ба илм ва инноватсия факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ Сабуров И.М., раиси ШОҶ-и факултет, муаллими калони кафедраи барномарезӣ Саидвалиев А.Р., рохбарони махфилҳо ва донишҷӯёни ихтироъкору навовари ду донишгоҳ иштирок доштанд.

Дар маҳфили мазкур донишҷӯён дар мавзӯи «Пайвасткунии пешакии қисмҳои микроконтроллерхои Ardunio дар олами мачозӣ» ва «Бо ёрии қисмҳои Ardunio сохтани автомобили роботозиронидашуда ва барномарезӣ карданӣ қисмҳои он» баромад намуданд. Бояд қайд намуд, ки маҳфили навбатии байнидонишгоҳӣ дар ДДҲБСТ баргузор хоҳад гашт.

Маврид ба зикр аст, ки маҳфил дар баробари муттаҳид намудани ҷавонони лаёқатманди ихтироъкор, инчунин ҷиҳати таҳкими иқтидори илмӣ ва техникии донишгоҳ заминаи мусоид фароҳам меорад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ