Маҳфили "Андеша": “Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароӣ”

Бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар толори Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд нишасти навбатии маҳфили сиёсии тарғиботчиёни ҷавон "Андеша" таҳти унвони “Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароӣ” баргузор гардид.

Ташаббуси мазкур дар заминаи татбиқи сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷустуҷӯи роҳу усулҳои нави муқовимат бо ифротгароӣ, вусъати корҳои идеологӣ, ташаккули мафкураи солим ва пешгирии падидаҳои манфӣ дар ҷомеа ба роҳ монда шуда, бо иштироки роҳбарият ва масъулини донишгоҳ, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ,ҳифзи ҳуқуқ ва ҳизби сиёсӣ сурат гирифт.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом мизи мудавварро ифтитоҳ бахшида, аз рисолат ва уҳдадориҳои ҷомеа ҷиҳати муқовимат бо ифротгароӣ таъкид намуд.

Гуфта шуд, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлоли кишвар вазифаи муқаддастарини на танҳо мақомоти давлатӣ, балки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

“Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар радифи ниҳодҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таълимӣ ба масъалаи муқовимат бо зуҳуроти номатлуб таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар самти мубориза бо терроризму экстремизм, ки вабои аср унвон мешаванд, пайваста талош дорад, то ки усул ва воситаҳои муосиру таъсирбахшро роҳандозӣ намояд” – зикр дошт ректори донишгоҳ.

Профессор Аюб Усмонзода аз ташаббусҳои донишгоҳ дар самти муқовимат бо терроризму экстремизм хотиррасон шуда, фаъолияти маҳфилҳои таҳлилӣ - иттилоотии “Афкор”, илмӣ-иттилоотии “Набзи айём”, тарғиботчиёни ҷавон “Андеша”, “Пайравони Пешвои миллат”, нашри силсилаи китоби “Амнияти ҷомеа: Арзишҳои миллӣ ва динӣ дар муқовимат бо ифротгароӣ ”, “Илм ва амнияти миллӣ”, таҳия ва пахши беш аз 150 барномаи телевизионии “Амнияти ҷомеа” – ро тавассути телевизиони вилояти Суғд аз тадбирҳои муҳими раёсати донишгоҳ дар ин самт унвон намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар идомаи ин иқдом дар барномаҳои пажўҳишҳои илмии Институти илмӣ - тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии назди донишгоҳ таҳқиқи заминаҳои таърихии ин зуҳуроти номатлуб ва шеваҳои муқовимат бо он, адабиёт ва арзишҳои адабӣ дар муқовимат бо ифротгароӣ ба роҳ монда шудааст, ки маҳсули аввалияи ковишҳои илмиикормандони илмии ин пажўҳишгоҳ бо номи “Аз амонӣ гуфтугў дорем мо” омодаи чоп аст.

Роҳбари донишгоҳ таъкид намуд, ки шуруъ аз оғози соли нави таҳсили 2022-2023 тибқи Қарори Шӯрои олимони донишгоҳ барои донишҷӯён Курси махсуси муқовимат бо терроризм ва экстремизм роҳандозӣ гардидааст, ки ҳадаф аз он таҳкими дониши сиёсӣ, баланд бардоштани маърифати донишҷӯён оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва ба ин васила мубориза бо зуҳуроти номатлуб маҳсуб мешавад.

Мизи мудаввар низ идомаи ҳамин ибтикорот унвон мешавад, ки ба таъкиди ректор, ҳадаф аз он бо ҷалби намояндагони мақомоти қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҳизбӣ, ҷомеашиносон ва устодону донишҷӯён баррасии вазъи сиёсии ҷомеа ва роҳу усулҳои муқовимат бо ифротгароӣ ба шумор меравад.

Дар идома намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Мирзотоҳир Набиев, намояндаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Далер Махкамов, подполковники милитсия, муовини сардори шуъбаи огоҳонии пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Файзализода Сафар, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ ва намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Ихтиёр Исроилов маърӯза намуда, доир таҳдидҳои муосир, сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароӣ назару пешниҳодоти судманд ироа карданд.

Дар қисмати музокираи масъала профессор Нуров Нуралӣ, муовини Директори Институти илмҳои ҷомешиносӣ, Иброҳим Ҷабборов, декани факултети таърих ва ҳуқуқ, Ислом Раҳимов, декани факултети забонҳои шарқ, Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ баромад намуда, фикру андешаҳои худро ҷиҳати таҳкими фаъолият дар самти муқовимат ба ифротгароӣ манзур доштанд.

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода барои маърӯзаҳои пурмуҳтаво, назарҳои тоза ва андешаву пешниҳодоти судманд, ки дар доираи мизи мудаввар ироа гардиданд, изҳори сипос намуд.

Интизор меравад, ки маҷмўи суханрониҳо, ки дар доираи мизи мудаввар зикр шуданд, дар китоби силсилавии “Амнияти ҷомеа” нашр ва барои истифодаи аҳли ҷомеа манзур мегардад, то аз он ҷавонон, хоса донишҷўёни донишгоҳ истифода намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ