​Маҳфил: Занва ҷомеа

Дар асоси нақшаи Шӯрои занон ва духтарони донишгоҳнахустҷаласаи маҳфили умумидонишгоҳии “Зан ва ҷомеа” дар толори Раёсати донишгоҳ баргузор гардид. Дар ин маҳфил сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода, намояндагони шуъбаи тарбияи донишгоҳ, раисони Шӯрои занонва духтарони факултетҳо иштирок доштанд.

Дар кори ҷаласа Хоҷазода Хуршеда дар мавзуи “Баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии занон ва малакаи кории онҳо”, мудири бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ Гулбаҳор Султоновадар мавзуи“Нақши Пешвои миллат дар таҳкими мавқеи занон дар ҷомеа” маърӯза намуданд. Зимни баромадҳо таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафту илмомӯзии занон, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо, мубориза бо хушунату зӯроварӣ дар оилаҳо, баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, аҳамияти махсус равона намуда, шароити мусоид фароҳам меоварад.

Таъкид гардид, ки зан дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад.

Ҳамчунин иштирокдорони чорабини перомуни эҳтироми либоси миллии тоҷикона, тарғибу ташвиқи сиёсати сулҳҷӯёнаи ҳукумати кишварвапос доштани сулҳу Ваҳдати миллӣфикруандешаҳои худро иброз намуданд.

Маҳфили умумидонишгоҳии “Зан ва ҷомеа” бо дастгириироҳбариятидонишгоҳбо мақсади баланд бардоштани мақоми зан ва фаъолгардонии онҳо дар ҷомеа, мустаҳкам намудани дастовардҳои замони истиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ташаккули ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ занону бонувон фаъолияташро роҳандозӣ намудааст. Гуфта шуд, ки минбаъд чунин маҳфили сайёр фаъолияташро дар факултетҳои донишгоҳ идома диҳад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ