​Маҳфил: Тозагӣ гарави саломатӣ


Маҳфили доимаамалкунандаи факултети санъати тасвирӣ ва технология, “Ҷамъи хубон” моҳи октябри соли равон вохӯрӣ дар мавзӯи «Тозагӣ гарави саломатӣ ва COVID 19» бо иштироки донишҷӯёни бахшҳои якум ташкил ва баргузор намуд.

Вохӯриро профессор Аюб Усмонзода – муовини ректор оид ба тарбия ифтитоҳ бахшид. Мавсуф, омили асосии паҳншавии бемориҳои сироятиро аз пурра риоя нагардидани талаботи беҳдоштию зиддиэпидемикӣ дар байни арзёбӣ намуд.

Сипас, дотсент Обидова М.Д. - мудири кафедраи тиббӣ-биоогӣ ба сухан баромада афзуд, ки ҳамаи инсонҳо, мардону занон, кӯдакону болиғон вазифадоранд, тозагиро ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа ва қарзи шаҳрвандии худ шуморанд ва ҷомеа, маҳал, оилаи хешро ҳамеша тозаву озода нигаҳ доранд.

Дар анҷоми вохӯрӣ перомуни масъалаҳои баррасишаванда миёни утодону донишҷӯён мубодилаи афкор сурат ва донишҷӯён ба суолҳои пешниҳоднамудаашон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Маркази иттилоот ва тавҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ