Маҳфил: Пешвои хирадсолор
Ин унвони маҳфили илмӣ-фарҳангӣ буд, ки бо ташаббуси кафедраи адабиёти классикӣ дар толори факултетифакултети филологияи тоҷик
баргузор гардид. Маҳфили мазкур ба муносибати Рӯзи Президент ва солгарди навбатии Иҷлосияи тақдирсоз доир шуд.
Декани факултет профессор Замира Ӯлмасзода аз хидматҳои шоистаи Пешвои миллат дар таъмини рушди кишвар таъкид дошта, зикр намуд, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои таҷлил аз садоқати ватандорӣ, тантанаи амният, субот, ягонагӣ, сарҷамъӣ ва муттаҳидии миллати сарбаланди тоҷик аст, зеро маҳз тавассути талошу ҷонбозиҳоимуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин саодат насиби миллати тоҷик гардид.
Дар идомаи чорабинӣ нашри дувуми китоби“Чеҳраҳои мондагор” аз ҷониби дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Саидумрон Саидов муаррифӣ шуд.
Таъкид гардид, ки китоб маҳсули омӯзиш, мушоҳидаҳо ва хулосаҳои саҳеҳи илмииПешвои миллат дар бораи таърих, тамаддун, нақши шахсиятҳо дар таърих ва роҳҳои бардошти сабақи таърихӣ,зиндагинома ва корномаи симоҳои барҷастаи миллат мебошад ки он, баёнгари фарҳанг ва тамаддуни таърихи беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон ба ҳисоб меравад.
Барномаи фарҳангӣ, аз ҷумла суруду таронаҳои ватандӯстона ба маҳфил муҳтавои бештар эҳдо намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил