​Маҳфил: Муҳимияти риояи либоси тавсиявӣ дар донишгоҳ

Дар асоси нақша-чорабиниҳои факултети забонҳои хориҷӣ дар кафедраи назария ва амалияи забони англисӣ маҳфили забонӣ (дебат) бо иштироки васеи донишҷӯён дар мавзӯи “Муҳимияти риояи либоси тавсиявӣ дар донишгоҳ” ташкил ва баргузор гардид.

Дар маҳфил донишҷӯён ба ду гурӯҳ тақсим шуда, доир ба мавзӯи номбурда фикру ақидаҳои худро баён намуданд. Зимнан донишҷӯёназ рафти қоидаҳои гузаронидани дебат ошно гардида, аммалан онро нишон доданд. Дар фарҷоми маҳфил масъалаҳои гуногуни актуалӣ мавриди баҳс қарор гирифтанд.

Маҳфили мазкур барои сайқал додани малакаҳои муоширатӣ, гуфтугӯӣ, наттоқӣ ва ташаккул додани маҳорати фикронии интиқодӣ мусоидат менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ