​Маҳфил: Камолоти инсонӣ

Дирӯз бо ибтикори Институти илмӣ – тадқиқотии илмҳои педагогии назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровҷаласаи навбатии маҳфили доимоамалкунандаи “Камолоти инсон” дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус баргузор гардид.

Кори маҳфилро директори Институти илмӣ – тадқиқотии илмҳои педагогии назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шавкат Шаропов ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз мақсаду мароми маҳфил ёдовар шуд. Баъдан, муаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ И. Бобоева дар мавзӯи “Ташаккули маҳорати эҷодии муаллимони ояндаи синфҳои ибтидоӣ тавассути фанни санъат ва меҳнат” маърӯза намуд.

Дар охир сармуаллимаи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ Гулшан Ҳошимова китоби тозанашр – монографияи “Масъалаҳои мутобиқшавии омӯзгорони ҷавон ба фаъолияти педагшогӣ”, ки ба қалами доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шавкат Шаропов ва омӯзгор Тағоева С. тааллуқ дорад муаррифӣ намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ