Лоиқ Шералӣ – шоири шаҳири тоҷик
Донишҷӯёни соли сеюми ихтисоси рӯзноманигорӣ дар доираи дарси лексионии фанни "Адабиёти муосири тоҷик" аз зиндагӣ, фаъолият ва ашъори Лоиқ Шералӣ ёд карданд.
Дарс ба мавзӯи “Лоиқ Шералӣ – шоири шаҳири тоҷик” бахшида шуд. Дар доираи дарс усулҳои фаъоли таълим мавриди истифода қарор гирифта, аёният ва таҷҳизоти техникии муосир фаровон ба кор бурда шуд, ки ҷиҳати таъмини сифати баланди дарс замина гузошт.
Таъкид гардид, ки Лоиқ Шералӣ бо ашъори худ дар адабиёти муосири тоҷик саҳифаи рангинеро ифтитоҳ бахшидааст, ки аз арзишҳои олии зиндагӣ васф мешаванд.
Донишҷӯён аз зиндагии шоир нақлҳо карда, аз ашъори бегазанди Лоиқ Шералӣ қироат намуданд, ки аз ҷониби омӯзгори фаннӣ мавриди ташреҳ қарор дода шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил