​Лагери маърифатӣ: аз семинари омӯзишӣ то озмуну мусобиқаҳои варзишӣ

Лагери маърифатӣ ва омӯзишӣ, ки барои 30 нафар ҷавонони донишгоҳ, аз ҷумла аъзои маҳфилҳои умумидонишгоҳии назди раёсати донишгоҳ ташкил шуда буд, ба анҷом расид.

Лагери мазкур санаҳои 29 – 31 августи соли 2022 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сурат гирифта, “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат” унвон дошт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин ташаббус аз ҷониби мутахассисони ҷавони раёсати донишгоҳ ба иштирокчиёни лагер дар мавзуъҳои мубрами ҷомеаи муосир семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.

Ба иттилои Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, ба иштирокчиён перомуни мавзуъҳои самаранок истифода бурдани вақт, таҳкими зиракии сиёсӣ, истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ” семинар доир гардида, ҳамзамон, доир ба масоили марбут ба таърихи сиёсии Љумњурии Тољикистон:воќеањо ва сабаќњо, рӯйдодҳои таърихӣ, истиқлоли давлатӣ соати сиёсӣ гузаронида шуд.

Ҳамзамон, филми “Марди роҳ” ба намоиш гузошта шуда, миёни иштирокчиён озмуну мусобиқаҳои гуногун ташкил шуд.

Хотиррасон менамоем, ки иқдоми мазкур бо ташаббуси ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҷавонон ва таҳкими маърифатнокии насли ояндасоз ба роҳ монда шуда буд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ