​Курси такмили ихтисос дар хориҷи кишвар

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ нигаронида шудааст, табирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, бо як қатар донишгоҳҳои олии кишварҳои хориҷӣ муносибатҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст. Дар доираи чунин муносибатҳои баҳри баланд бардоштани малакаи касбӣ устодон ба хориҷӣ кишвар фиристода мешаванд.

Дар робита ба ин бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ сармуаллимаи кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқ, Парвина Ризоева дар курси омӯзишии забони англисӣ дар мавзуи “Филологияи бисёрзабонаи табиат: қироати манзараи эко-фарҳангӣ дар ҳудуди Ҳиндукуш – Қароқорум”, ки аз 25 сенябр то 1 октябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи Ка Фоскарии Венетсияи Италия баргузор гардид, иштирок намуда, бо баромади худ нуфузи Донишгоҳи давдалати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро дар байни донишгоҳҳои олии мамолики хориҷӣ баланд бардошт. Дар зимн Парвина Ризоева бо профессорону омӯзгорони донишгоҳи номбурда аз наздик шинос шуда, барои такмили малакаву маҳорати худ ба дарсҳои докторони илм ширкати фаъолона варзид.

Гуфта мешавад, ки дар донишгоҳ чунин тадбирҳо дар оянда низ роҳандозӣ карда мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ