​Курси такмили ихтисос барои омӯзгорони филологияи рус

Омӯзгорони факултети филологияи рус аз курси такмили ихтисос мегузаранд. Курси такмили ихтисос аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Вятка (ВятГУ) гузаронида шуда, дар доираи «Барномаи давлатии такмил ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки курси мазкур тариқи он-лайн ва офф-лайн баргузор шуда, аз санаи 21 октябр то 19 ноябр давом хоҳад кард.

Лоиҳаи мазкур барои такмили ихтисосҳои «Забони русӣ ҳамчун забони ихтисос барои муҳандисони электроэнергетика ва гармӣ», «Забони русӣ ҳамчун забони ихтисоси бинокорон», «Таълими забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ: ҷанбаҳои методӣ ва забоншиносӣ» равона гардидааст.

Барои татбиқи омўзиши курси мазкур аз тарафи омўзгорони факултет таҳияи дастурамалу комплексҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.


\Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ