​Курси англисии “Хониш ва навиштан”

Ташаккули маҳорати хондан ва навиштани донишҷӯён бо забони англисӣ барои омӯзгорони кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқ яке аз ҳадафҳои муҳим буда, соҳиб будан ба ин малака кафолати босалоҳият тарбия ёфтани мутахассисони соҳаи тарҷумонӣ ва омӯзгорӣ мегардад. Бо назардошти ин нукта як қатор омӯзгорони кафедраи забони англисӣ бо омӯзгор аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрикохонум Ҷуди Элиот ҳамкории худро оғоз намуда, давоми 2 сол инҷониб барои баланд бардоштан ва сайқал додани малакаи хониш ва навиштани донишҷӯён мунтазам фаъолият ва таҷриба мекунанд.

Соли гузашта машғулияти мазкур ҳар моҳ ду маротиба тариқи платформаи ZOOM сурат мегирифт. Ҳамакнун давоми чанд моҳ инҷониб хонум Элиот ба Хуҷанд омада, дарсҳои худро тариқи офлайнӣ дар факултет давом дода истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки курси “Хониш ва навиштан” ҷамъбаст гардида, ба иштирокчиён сертификат супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ