​Кӯмаки ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ба сокинони наздимарзӣ

Бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба беш аз 60 сокинони деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Чоркуҳи шаҳри Исфара, ки дар натиҷаи муноқишаи охирони марзӣ, талафоти ҷониву молӣ доштанд, маҳсулоти ғизоӣ дастрас гардид.

Гурӯҳи устодону донишҷӯёни донишгоҳ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ба деҳоти наздимарзӣ сафар карда, ба сокинон ҳамдардӣ изҳор намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ин иқдом дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи корвони мошинҳои пурбори кӯмакҳои моддии Пешвои миллат, ки ба оилаҳои аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарардида дастрас гардид, ба роҳ монда шуд.

Зимни суҳбат бо сокинон масъулини донишгоҳ иброз доштанд, ки ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров нисбат ба талафоти сокинон аз даргириҳои охирони марзӣ сахт андӯҳгин буда, ба ин мусибат бетараф нестанд.

Таъкид гардид, ки тамоми ҳамватанон дар партави ташаббусҳои созандаи Роҳбари олии мамлакат имрӯз ҷиҳати дастгирии сокинони наздимарзӣ омода ҳастанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ