​Кӯдакон дар меҳвари таваҷҷуҳ

Бо иқдоми кафедраи методикаи таълими факултети таърих ва ҳуқуқ тарбиятгирандагони Комплекси кӯдакистони мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд аёдат шуданд.

Ин ташаббус дар арафаи таҷлил аз Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ва татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Омӯзгорон зимни суҳбат бо тарбиятгирандагон таъкид доштанд, ки кӯдакон ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ғамхорӣ ва дастгирӣ нисбат ба онҳо аз ҳадафҳои муҳими сиёсати Сарвари давлат маҳсуб меёбад.

Маврид ба зикр аст, ки чунин иқдоми нек аз ҷониби масъулини дигар факултетҳо низ ба роҳ монда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ