Рекордгузори нави Тоҷикистон
20-уми апрели соли ҷорӣ дар Дохаи Дубай маросими ифтитоҳии чемпионати Осиё-2019 бо ширкати варзишгарони 43 давлат баргузор гашт.
21-уми апрел, Кристина Пронженко узви дастаи олимпии Тоҷикистон, аз рӯйи намуди варзиши сабук баромад карда, бо тай намудани 400 метр дар 54:13 сония ҷойи 7-ум ва 400 метр бо монеаҳо дар 59:16 сония мақоми 9-умро касб намуд.
Бо ин нишондод, Пронженко Кристина Леонидовна, устоди кафедраи варзиш ва методикаи таълими тарбияи ҷисмонии факултети тарбияи ҷисмонии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» рекорди қаблии Тоҷикистон, ки 34 сол пеш гузошта шуда буд, шикаст.
Маркази иттилоот ва таҳлил