​Коррупсия – монеа дар роҳи рушд

Таҳти ин ном дар хобгоҳи №2 бо ташаббуси кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинов чорабинии тарбиявӣ-фарҳангӣ доир гардид.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад” – зикр шуд дар доираи чорабинӣ.

Дар доираи ин иқдом перомуни мавзуи мавриди назар маърӯзаҳо шунида шуда, саҳнаи тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ