​Корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо мақсади ҷалби довталабон

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷамотаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади ҷалби довталабон ба ихтисосҳои амалкардаистодаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров устодони факултети забонҳои хориҷӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро роҳандозӣ намуданд.

Устодони факултети забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №14, №15, №27, №28, №29, №50 ва гимназияи №2 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бурда, хонандагонро бо равандҳои фаъолият ва базаи моддиву техникӣ ва ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ ошно намуданд.

Гурӯҳи корӣ дар давоми вохӯрӣ хатмкунандагонро бо ихтисосҳои факултетҳои ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва курси тайёрии донишгоҳ, ки он довталабонро барои тайёр кардан ба имтиҳонҳои марказондишадаи дохилшавӣ тариқӣ Маркази миллии тестӣ ташкил карда шудааст, аз наздик ошно сохтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ