​Корҳои тарғиботӣ бо хатмкунандагон

Бо мақсади ҷалби довталабон ба ихтисосҳои амалкардаистодаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров устодони кафедраи барномарезии факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ашт корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бурда, хонандагонро бо равандҳои фаъолият ва базаи моддиву техникӣ ва ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ ошно намуданд. Устодони донишгоҳ бо хатмкунандагони ҷамоатҳои Марҳамат, Понғоз, Қаҳрамон, Ифтихор, Меҳробод ва шаҳраки Шайдон вохӯри намуданд.

Гурӯҳи корӣ дар давоми вохӯрӣ хатмкунандагонро бо ихтисосҳои факултетҳои ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров аз наздик ошно сохтанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ