Корҳои ободонӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон
Бахшида ба ҷашни Меҳргон дар факултети муҳандисӣ-омузгорӣ бо иштироки омӯзгорон ва донишҷуёни факултет шанбегӣ гузаронида шуд. Донишҷуён асосан дохили майдончаҳои факултет, гирду атрофи онро аз ҳама гуна партов тоза намуданд.
Дар ин ҳашари дастҷамъона беш аз 50 нафар иштирок намуда, факултетро тоза ва гулҳои зимистона шинониданд.
Гуфта мешавад, ки иқдоми мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии донишҷуён ҳамчун нишонаи маданият, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи факултет ва сабзазоркунӣ амалӣ гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил