​Кор бо барномаи интерактивӣ барои хурдсолон

Дар кафедраи информатика ва математикаи ҳисоббарор мувофиқи нақшаи ҳафтаи илм бахшида ба Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025, Бистсолаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ барои солҳои 2020-2040 ва «Рӯзи илми тоҷик» санаи 8-уми феврали соли равон маҳфили намунавии илмии донишҷӯён баргузор гардид.

Маҳфилро мудири кафедра, дотсент Шералӣ Ҳамдамов оғоз намуда, қайд намуд, ки мақсади асосии ташкили маҳфил ҷалб намудани донишҷўён ба корҳои эҷодивуамалӣ ва такмил додани фаъолиятимустақилонаи онҳо равона шудааст. Дар маҳфилҳо, пеш аз ҳама, хусусиятҳои зеҳнӣ, фаъолияти меҳнатӣ, бадеӣ-эҷодӣ ва омилҳои зебогӣ инкишоф дода шуда, қобилияти дарккунии ҳама гуна ҳиссиёти шахс мутташакил мегардад.

Сипас, Нозанин Абдуллоева - донишҷӯи бахши панҷуми ихтисоси математикаи амалӣ дар мавзӯи «Барномаи интерактивӣ барои хурдсолон» баромад намуда, моҳияту мазмуни мавзӯи баррасишавандаро шарҳу тавзеҳ дод. Дар идома, кор дар ин барномаро дар тахтаи электронӣ намоиш дода, оид ба афзалиятҳо ва бартариҳои он маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Абдумумин Маликов – сармуаллими кафедраи информатика ва математикаи ҳисоббарор, роҳбари илмии донишҷӯ ба сухан баромада, қайд намуд, ки ҳамроҳи Нозанин Абдуллоева дар рӯзҳои наздик ба барои мукаммал гардидани бархе аз қисмҳои барнома навгониҳо ворид карда мешаванд ва татбиқи ин барнома дар СО Аndroid ба нақша гирифта шудааст.

Дар фарҷом миёни иштирокчиён мубодилаи афкори судманд ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ