​Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-кафили ҳуқуқҳои инсонист

Дар толори хурди раёсати донишгоҳ бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ таҳти унвони “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-кафили ҳуқуқҳои инсонист” конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Конференсияро сардори раёсати илм ва инноватсия Абдуллоев Ромиз ифтитоҳ бахшида, доир ба таърихи қабул ва муҳтавои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд.

Дар идома аз ҷониби муаллими калони кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ Латипов Сунатулло ва намояндаи шуъбаи бехатарии Раёсати хадавомоти давлатии оташнишинии вилояти Суғд Бобоҷонзода Баҳром таҳти унвони “Хусусиятҳои асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10-рукни асосии он” маърӯза ироа гардид.

“Кафолати қонеъгардонии талаботи фарҳанги шарвандон дар Конститутсия”, “Фалсафа ва ҳикмат дар санади сарнавиштсоз”, “Таджикистан в условиях демократизақии общества” ва “Аҳамият ва нақши Конститутсия” мавзуи дигари маърӯзаҳо буд, ки аз ҷониби омӯзгорони кафедра шунида шуданд.

Мудири кафедра Комилова Махфуза ба меҳмонон барои ироаи маърӯзаҳои пурмуҳтаво изҳори сипос намуда, иштирокчиёнро ба муносибати 30-юмин солгарди қабули қонуни асосии кишвар табрик гуфт.

Бо музокира ва табодули афкор конференсия анҷом ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ