​Конститутсия - санади олии ҳуқуқӣ

Дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн таҳти унвони “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - санади олии ҳуқуқӣ” чорабинӣ доир гардид. Чорабинии мазкур бо иқдоми кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ ба роҳ монда шуда, дар он декани факултет ва устодону донишҷӯён ширкат намуданд.

Таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сарнавиштсоз ва муайянкунандаи муносибатҳои муҳими ҳуқуқии кишвар ба шумор рафта, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, шакли давлатдорӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд ба расмияти ҳуқуқӣ дароварда шудаанд.

Зимни баромади донишҷӯён зикр рафт, ки Конститутсия санади меъёрии ҳуқуқиест, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, шоҳроҳи муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолияти ҳар давлат ва ҷомеаи пешрафта мебошад. Тамоми санадҳои дигари ҳуқуқӣ бевосита аз Конститутсия сарчашма гирифта, бояд ба он мутобиқат намоянд.

Ҳамзамон, дар васфи Ватан ва муқаддасоти давлатӣ аз ҷониби донишҷӯён шеъру гуфтор қироат шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ