​Конститутсия поягузори низоми муосири давлатдории миллӣ

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки қабули ин санади муқаддас сохти давлатдорӣ ва ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат асос гузошт. Мавсуф зимнан таъкид дошт, ки ин китоби сарнавиштсоз таҷассумгари орзуву ормонҳо ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Сипас, Меҳриддин Ғафурӣ – сардори факултети чоруми Академияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар мавзуи “Конистутсия заминаи таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар давлат”, Урунзода Лоиқ - сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавзуи “Конистутсия поягузори низоми муосири идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон” ва Мухторзода Киромиддин - мудири кафедраи ҳуқуқшиносии донишгоҳ дар мавзуи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: моҳият ва тайиноти сиёсиву ҳуқуқии он” маърӯза намуданд.

Маърӯзачиён қайд намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун асоси таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳама шаҳрвандон буда, меъёрҳои он барои эҳтироми тамоми аъзои ҷомеа заминаи мусоид гузоштааст.

Маркази иттилоотӣ ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ